Пойтахт ба ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбӣ омодагӣ мегирад

Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки  2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқоматии ҳудуди марзиву маъмурии шаҳр иштирок карданд. Дар ҷаласа масоили кабудизоркунӣ, риояи меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр ва ҳамчунин оғзи корҳои омодагӣ […]

Аваз Юлдошев


Таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки  2500 нафар намояндагони ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми раисони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, шӯрои шаҳраку маҳаллаҳо ва сардорони биноҳои истиқоматии ҳудуди марзиву маъмурии шаҳр иштирок карданд.

Дар ҷаласа масоили кабудизоркунӣ, риояи меъёрҳои санитарӣ дар шаҳр ва ҳамчунин оғзи корҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни 90-умин солгарди таъсисёбии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, 20-умин солгарди эълони шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистон соли 2014 ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин, бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе аз 25 марти соли 2012 то 1-уми октябри соли 2014 маъракаи «30 моҳи ободонӣ» эълон карда шудааст.

Раиси пойтахт ба ҳозирин иттилоъ дод, ки соли ҷорӣ аз ҳисоби мабалғҳои буҷети шаҳр барои азнавсозии 16 кӯчаҳои алоҳида беш аз 220 млн маблағҳо сафарбар мегардад. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки барои амалисозии вазифаҳои мазкур соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм хоҳанд гирифт.

Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои наздик корҳои таъмир ва азнавсозии 9,7 километри роҳҳои кӯчаҳои пойтахт оғоз гардида, барои он аз буҷети шаҳр 15 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.