Эълони озмуни ИЖТ ва Раёсати БДА ВКД барои журналистон

Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ таҳти унвони «Роҳи бехатар» миёни журналистон оид ба инъикоси масоили бехатарии ҳаракат дар роҳ озмуни навбатӣ эълон карданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмун мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ аз 2-юми декабри соли 2008 «Дар бораи Барномаи […]

Аваз Юлдошев


Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ таҳти унвони «Роҳи бехатар» миёни журналистон оид ба инъикоси масоили бехатарии ҳаракат дар роҳ озмуни навбатӣ эълон карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров хабар дод, озмун мутобиқи қарори ҳукумати ҶТ аз 2-юми декабри соли 2008 «Дар бораи Барномаи такмили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҶТ барои солҳои 2009-2013» ва ба ифтихори таҷлили ҷашни 76-умин солгарди таъсиси Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон созмон дода мешавад.

«Ҷалби васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба раванди ташаккули фазои иттилоотии мусоид барои татбиқи барномаи такмили таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, беҳбуди фаъолият дар самти ба аҳолӣ шарҳ додани мушкилоти ҷойдошта зимни ҳаракат дар роҳ ва ноил гардидан ба сифати хуби таҳияи маводи журналистӣ дар ин соҳа аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии баргузории озмун мебошанд», – гуфт П.Нуров.

Ба озмун маводи ҳама гуна жанрҳои журналистӣ, ки дар давраи аз 1-уми январ то 20-уми июни соли 2012 ба чоп мерасанд, қабул карда мешаванд. Дар маросими натиҷагирӣ аз озмун, ки санаи 1-уми июли соли равон доир мегардад, ғолибон бо диплому туҳфаҳои арзишманд қадронӣ карда хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.