Иштироки Карзай ва Зардорӣ дар конфронси Душанбе оид ба Афғонистон

Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Алӣ Осиф Зардорӣ иштирок мекунанд. Рӯзи сешанбе зимни вохӯрӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ин […]

Аваз Юлдошев


Дар конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V), ки рӯзҳои 26-27-уми март дар шаҳри Душанбе доир мегардад, сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Алӣ Осиф Зардорӣ иштирок мекунанд. Рӯзи сешанбе зимни вохӯрӣ бо намояндагони корпуси дипломатии муқими Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ин бора хабар дод.

Номбурда гуфт, дар муддати вақти боқимонда то конфронс изҳори хоҳиши иштирок дар чорабинии мазкур аз ҷониби сарони баъзе аз кишварҳои минтақа низ аз эҳтимол дур нест.

Ба гуфтаи ӯ, ба конфронс намояндагони 40 кишвари дунё дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 34 созмонҳои байнулмилалӣ даъват шудаанд.

Зикр гардид, ки дар ҷараёни кори конфронс як қатор лоиҳаҳо оид ба энергетика, саноат, сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳо барои Афғонистон муаррифӣ хоҳанд шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.