Таҷлили ҷашни 20-умин солгарди узвияти Тоҷикистон дар СММ дар Ню-Йорк

Чанде қабл ба муносибати 20-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар толори пазироии меҳмонхонаи «The Pierre» дар Ню-Йорк зиёфати бошукӯҳи расмӣ баргузор гардид. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зиёфатро намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл ба муносибати 20-солагии узвияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Туркманистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар толори пазироии меҳмонхонаи «The Pierre» дар Ню-Йорк зиёфати бошукӯҳи расмӣ баргузор гардид.

Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, зиёфатро намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркманистон якҷоя созмон доданд. Дар зиёфат сафирон ва намояндагони кишварҳои аъзои СММ, роҳбарони ниҳодҳои гуногуни низоми СММ, шаҳрвандони кишварҳои баргузоркунандаи зиёфати расмӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва дигарон иштирок намуданд.

 Дар зиёфати расмӣ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва Намояндаи доимии Туркманистон дар СММ хонум Оқсултон Атоева (ба сифати дуайен) суханронӣ карданд. Дар суханрониҳо нақши арзандаи кишварҳои мазкур дар тӯли 20 соли ҳамкории гуногунсоҳа бо Созмони Милали Муттаҳид таъкид гардид.

 Чунон ки маълум аст, 2 марти соли 1992 Маҷмаи Умумии СММ дар иҷлоси 46-уми худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои мазкурро ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид қабул намуда буд. Аз он замон ҳамкорӣ бо СММ ба яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар тӯли 20 сол Тоҷикистон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.