Дипломати тоҷик аз корхонаи «Электротяжмаш»-и Харков боздид кард

Чанд рӯз қабл сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ба вилояти Харкови ин кишвар сафари корӣ анҷом дода, бо раиси ҳукумати вилоят Михаил Добкин ва раиси Шӯрои вилоят Сергей Чернов гуфтушунид кард. Дар гуфтушунидҳо ба масоили таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, таҳкими робитаҳои истеҳсолӣ бо иштироки корхонаҳои бузурги вилоят, аз қабили […]

Аваз Юлдошев


Чанд рӯз қабл сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов ба вилояти Харкови ин кишвар сафари корӣ анҷом дода, бо раиси ҳукумати вилоят Михаил Добкин ва раиси Шӯрои вилоят Сергей Чернов гуфтушунид кард.

Дар гуфтушунидҳо ба масоили таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд, таҳкими робитаҳои истеҳсолӣ бо иштироки корхонаҳои бузурги вилоят, аз қабили ҶСК «Турбоатом», корхонаи «Электротяжмаш», корхонаи истеҳсоли трактори Харков ва ғайра таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни сафар дипломати тоҷик ҳамчунин бо фаъолияти корхонаи «Электротяяжмаш»-и шаҳри Харков аз наздик шинос гардида, бо мақомоти раҳбарии он масоили густариши ҳамкориҳо бо корхонаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла роҳандозии ҳамкориҳо оид ба тайёр ва таъмири таҷҳизоти электромеханикӣ барои соҳаи энергетикаро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар вохӯрии Ш.Султонов бо мақомоти раҳбарии Донишгоҳи миллии техникии «Донишкадаи политехникии Харков» атрофи масоили марбут ба омодасозии мутахассисон барои Тоҷикистон ва дар ин росто пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи факултети муштараки тоҷикиву украинӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ табодули афкор сурат гирифт.

Дар фарҷоми сафар сафири Тоҷикистон бо намояндагони диаспораи тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷике, ки дар макотиби олии шаҳри Харков таҳсили илм мекунанд, мулоқот орост. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.