Баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳои иқтисодии Покистону Тоҷикистон

Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиал баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур хабар доданд, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо вобаста ба ҷараёни корҳо дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ дар бахши татбиқи лоиҳаҳои сохтмони НБО-ҳо, бунёди корхонаҳои истеҳсоли семент, густариш ва фаъол намудани ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноати маводи сохтмон, саноати сабук ва насоҷӣ, саноати хӯрокворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба таърихи баргузории ҷаласаи 5-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Покистон иброз гардид, ки айни замон он барои мувофиқа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ирсол гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар Комиссияи байниҳукуматии дуҷониба мебошад ва ҷаласаи 4-ум 28 феврали соли 2011 моҳи феврал дар шаҳри Душанбе барпо гардида, баргузории ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Исломобод ба нақша гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки ҷонибҳо дар маҷмӯъ аз натиҷаҳои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои зикргардида минбаъд густариш хоҳад ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.