Президент ҳисоботи муфассал дар бораи вазъи чорводориро талаб кард

Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои зимистони тӯлонии сарду […]

ASIA-Plus


Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои Ҳукумат, роҳбарони идораҳои назди Ҳукумат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷамъомади ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили вобаста ба бартараф намудани оқибатҳои зимистони тӯлонии сарду сербориш, вазъи номусоиди обу ҳавои кунунӣ, боришоти зиёди барфи рӯзҳои охир, аз хавфи тармаю обхезӣ эмин нигоҳ доштани мардум ва хоҷагии халқи кишвар ва ҳамчунин кӯмак ба чорводорон баррасӣ шуд.

Доир ба вазъи кунунӣ ва чораҳои андешидашуда, Муовини сарвазири кишвар Муродалӣ Алимардон, Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ва дигар шахсони масъул гузориш доданд. Тавре зикр гардид, зимистони сарду тӯлонии имсола ва боришоти аз ҳад зиёди барф ба хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла роҳу пулҳои мошингард ва бахши чорводории соҳаи кишоварзӣ хисороти зиёд ворид намуд. Дар натиҷаи хунукназарии масъулин ва нандешидани чораҳои саривақтӣ дар бисёр минтақаҳои кӯҳистон талафоти чорво ба назар мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор доир ба нигоҳубини роҳҳои мошингард, аз тарма тоза кардани роҳҳои минтақаҳои кӯҳистон, таъмини рафту омади мусофирон, дастрас намудани хӯроки иловагии чорво ба чорводорон, ба хусус чорводорони минтақаҳои кӯҳӣ ва хуб ба роҳ мондани корҳо дар мавсими тӯлгирӣ супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла дастур дода шуд, ки то якуми апрели соли равон доир ба натиҷаҳои тӯлгирӣ ва вазъи чорводорӣ дар кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

 Зимни машварат ба масъулини дахлдор, ҳамчунин доир ба омодагии ҷиддӣ ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.