Оғози сохтмони кӯдакистони нахустин тайи 20 соли ахир дар Суғд

Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои кӯдакистони нав дар қисмати соҳили чапи шаҳр баргузор шуд, ки тайи 20 соли ахир нахустин бинои кӯдакистони нав хоҳад шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, кӯдакистон барои 250 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, аз маблағҳои буҷети шаҳрӣ ва қисман […]

Бахтиёр Валиев


Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд маросими гузоштани хишти аввал ба сохтмони бинои кӯдакистони нав дар қисмати соҳили чапи шаҳр баргузор шуд, ки тайи 20 соли ахир нахустин бинои кӯдакистони нав хоҳад шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд хабар доданд, кӯдакистон барои 250 нафар тарбиятгирандагон пешбинӣ шуда, аз маблағҳои буҷети шаҳрӣ ва қисман аз буҷети вилоят бунёд мегардад. Арзиши лоиҳавии сохтмон 15-16 млн. сомониро ташкил медиҳад.

 «Бинои кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, дар қаламрави он майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва боғ сохта мешавад. Кӯдакистон марҳила ба марҳила бунёд гардида, муҳлати мушаххаси ба истифода додани он маълум нест», – гуфт як манбаъ аз ҳукумати шаҳр.

Бино ба гуфтаи методисти шуъбаи таълими томактабии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Туҳфа Мамадҷонова, айни замон дар шаҳри Хуҷанд 31 кӯдакистони давлатӣ ва як кӯдакистони хусусӣ амал мекунад, ки дар он кӯдакони синнусоли аз 18-моҳа то 7-сола тарбият мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.