Зарари сӯхтор ба бозори «Фаровон» беш аз 300 ҳазор сомонӣ

Ҳаҷми умумии зараре, ки дар натиҷаи сӯхтор ба бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа расонида шуд, тахминан 312 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад. Муовини директори бозори «Фаровон» Ҳайдар Шерхонов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, бар асари сӯхтор, ки шаби 13-уми март ба вуқӯъ пайваст, 83 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтаанд. «Дар давоми рӯз мо ҳамаи соҳибкорони зарардидаро пурсида, […]

Сайраҳмон Назриев


Ҳаҷми умумии зараре, ки дар натиҷаи сӯхтор ба бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа расонида шуд, тахминан 312 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Муовини директори бозори «Фаровон» Ҳайдар Шерхонов дар ҷамъи рӯзноманигорон гуфт, бар асари сӯхтор, ки шаби 13-уми март ба вуқӯъ пайваст, 83 нуқтаи фурӯш ба коми оташ рафтаанд.

«Дар давоми рӯз мо ҳамаи соҳибкорони зарардидаро пурсида, зарари тахминиро муайян кардем. Он 312 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 110 ҳазор сомонӣ зарар ба худи бино ва боқимонда ба молҳои соҳибкорон аст», – зикр кард Шерхонов.

Ба суол дар бораи шикояти оташнишонон нисбат ба талаботи зиддисӯхтор ҷавобгӯ набудани бозор ва баста будани гузаргоҳҳо ба нуқтаҳои фурӯш, муовини директори бозор посух дод, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилоте ба вуҷуд наомада, бозор ба тамоми меъёрҳо мутобиқат мекунад.

«Як ҳафта пеш намояндагони хадамоти оташнишонӣ тамоми нуқтаҳои фурӯшу мағозаҳо ва гузаргоҳҳои роҳи автомобил ба дохили бозорро мавриди санҷиш қарор дода, баъзе эродҳои начандон назаррас гирифтанд, ки мо дарҳол онҳоро бартараф сохтем», – иброз дошт ӯ.

Номбурда афзуд, то замони барқарор кардани мағозаҳои сӯхта осебдидагон муваққатан бо дигар нуқтаҳои фурӯш таъмин гардида, метавонанд ба кори худ идома диҳанд.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.