Кумаки хайрияи президент ба ниёзмандони шаҳри Ваҳдат

Ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Ваҳдат кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба зиёда аз 7 ҳазору 200 нафар ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳои дорои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон, пирону барҷомондагон […]

ASIA-Plus


Ба истиқболи Наврӯзи хуҷастапай ба ятимону бепарасторон, маъюбон, пирону барҷомондагон ва оилаҳои камбизоати шаҳри Ваҳдат кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, ба зиёда аз 7 ҳазору 200 нафар ниёзманд, аз ҷумла оилаҳои камбизоат ва хонаводаҳои дорои иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, маъюбон, пирону барҷомондагон ва ятимон кумаки хайрияи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон расонда шуд.

Кумаки хайрия, ки аз маводи хӯрока, либосворӣ ва ғайра иборат аст, аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҷамъиятии хайрияи Эмомалӣ Раҳмон харидорӣ шудааст.

Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар кумакҳои хайрия ба оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон расонда мешаванд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки кумакрасонии Президенти кишвар ба ниёзмандон, албатта соҳибкорону тоҷирон ва дигар мардуми саховатпешаро ҳам ба амалҳои хайру савоб ва дасти кумак дароз кардан ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, маъюбон ва пирону барҷомондагон водор месозад.

Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид медорад, тамоми мардуми кишвар бо кумаку дастгирии ҳамдигар шароити истиқболи сазовори Наврӯзи оламафрӯз ва дигар ҷашну идҳои пурифтихори умумимиллиро бояд дошта бошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.