Ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯз сокинони Тоҷикистон ба муддати шаш рӯз истироҳат мекунанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Хадича Ҳакимова хабар дод, мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи рӯзҳои ид», ҷашни Наврӯз рӯзҳои 21-24-уми март таҷлил мегардад. «Чун 24-уми март ба рӯзи шанбеи истироҳат рост меояд, мувофиқи қонуни зикршуда, ин рӯз ба душанбеи 26 март гузаронида шуда, 27 март оғози рӯзи корӣ аст», – гуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, соли равон аз 21 то 26-уми март рӯзҳои ғайрикорӣ шуморида мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки соли равон чорабиниҳои асосӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахт рӯзи 25-уми март доир мегарданд.



