Эҳтимоли бекор шудани лимити истифодаи барқ дар моҳи апрел

Date:


Сарфи назар аз гарм шудани обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми маҷрои оби рӯдхонаи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқии кишвар ҷойгиранд, рӯзҳои наздик лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҳаҷми ҷоришавии об дар дарёи Вахш 193 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 28 метри мукааб камтар аст.

Ба қавли Ёдгорӣ, айни замон сатҳи оби обанбори Норак 859,10 метрро ташкил дода, то нуқтаи ниҳоии техникӣ 2,10 метр об боқӣ мондааст.

«Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ахири моҳи март ва аввали моҳи апрел боз аз сардшавии обуҳаво дар саргаҳи дарёи Вахш интизорӣ меравад ва аз ин рӯ, аз замони дақиқи бекор шудани лимити истифодаи барқ наметавон ҳарф зад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, номбурда бо итминон гуфт, феълан масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе дигар мавриди баррасӣ қарор надорад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешуданд.

Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 2-3 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.

3 КОММЕНТАРИИ

  1. барои сардороне,ки курсиро дуст медоранд

    подшохеро пурсидан, ки чанд рузи дигар хукумрон мекуни,
    дар чавоб гуфт то набераи таваллуд нашудаам

  2. кай сивет мешавад

    то кайя дар точикистон поблемахои свет давомметиа и чихели зиндаги хай ки 2 соат сивет метиан хаминам соз наметиан акалан об намебиод ина вахти кишти кори мар шуд ина сивет даркорай ки насосо об кашан свет нест об нест чихел кишти кори мекнем ихели ба зиндаги када мешаами

Leave a Reply to bedil Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...