Эҳтимоли бекор шудани лимити истифодаи барқ дар моҳи апрел

Сарфи назар аз гарм шудани обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми маҷрои оби рӯдхонаи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқии кишвар ҷойгиранд, рӯзҳои наздик лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҳаҷми ҷоришавии об дар дарёи Вахш 193 метри мукааб дар […]

Аваз Юлдошев


Сарфи назар аз гарм шудани обуҳаво ва афзоиши ҳаҷми маҷрои оби рӯдхонаи Вахш, ки дар он нерӯгоҳҳои асосии барқии кишвар ҷойгиранд, рӯзҳои наздик лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон бетағйир боқӣ мемонад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ хабар дод, субҳи имрӯз ҳаҷми ҷоришавии об дар дарёи Вахш 193 метри мукааб дар як сонияро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 28 метри мукааб камтар аст.

Ба қавли Ёдгорӣ, айни замон сатҳи оби обанбори Норак 859,10 метрро ташкил дода, то нуқтаи ниҳоии техникӣ 2,10 метр об боқӣ мондааст.

«Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ахири моҳи март ва аввали моҳи апрел боз аз сардшавии обуҳаво дар саргаҳи дарёи Вахш интизорӣ меравад ва аз ин рӯ, аз замони дақиқи бекор шудани лимити истифодаи барқ наметавон ҳарф зад», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, номбурда бо итминон гуфт, феълан масъалаи ҷорӣ намудани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе дигар мавриди баррасӣ қарор надорад.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарори ҳукумат, шурӯъ аз 12-уми октябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мувофиқи он, минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат бо барқ таъмин карда мешуданд.

Дар пойтахти ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои бузурги кишвар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ нагардида буд. Айни замон бинобар шадид гардидани реҷаи интиқоли барқ, аксари маҳаллаҳои аҳолинишини манотиқи кишвар ҳамагӣ 2-3 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъминанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.