Русия қимати боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро боз меафзояд

Date:


Шурӯъ аз 1-уми апрели соли равон Русия ҳаҷми боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро боз боло мебарад.

Дар сомонаи расмии ҳукумати ин кишвар гуфта мешавад, бо қарори марбута меъёри қимати боҷи содиротӣ ба нафти хом ва дигар маҳсулоти нафтии ҷудогона, ки ба хориҷи кишвар ва давлатҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ содирот карда мешаванд, тасдиқ карда хоҳанд шуд.

Ҳамин тариқ, аз 1-уми апрел қимати боҷи содиротӣ ба маҳсулоти рӯшани нафтӣ аз 271 то 304 $ барои як тонна ва боҷи содиротӣ барои як тонна бензин аз 370,1 то 414,6 $ зиёд мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Русия ҳар моҳ меъёрҳои боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтиро бозбинӣ намуда, нимаи моҳи март коршиносони Русия афзоиши меъёри боҷи гумрукӣ ба маҳсулоти нафтии Русияро пешгӯйӣ карда буданд.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистону Русия то ҳанӯз сари масъалаи ба Тоҷикистон содирот намудани маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ ба мувофиқа нарасидаанд.

Нимаи моҳи феврал дар Маскав миёни Русияву Тоҷикистон як асноди тавозунӣ оид ба ҳаҷми содироти маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон дар соли 2012 ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки ҳарчанд Қирғизистон низ мисли Тоҷикистон узви Иттиҳоди гумрукӣ набошад ҳам, вале маҳсулоти нафтии Русияро бидуни пардохти боҷи содиротӣ дастрас менамояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...