Тоҷикистон барои ҳаҷҷи имсола 6 ҳазор квота гирифт

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистон ба шумораи аз ин ҳам бештари квотаҳо исрор кардааст, вале ҷониби Арабистони Саудӣ бо такя ба маълумоти СММ далел пеш овардааст, ки аз […]

Меҳрангез Турсунзода


Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд, Тоҷикистон ба шумораи аз ин ҳам бештари квотаҳо исрор кардааст, вале ҷониби Арабистони Саудӣ бо такя ба маълумоти СММ далел пеш овардааст, ки аз аҳолии шашмиллионннафараи Тоҷикистон танҳо 85% мусулмонанд ва гузашта аз ин, як қисмати муайяни аҳолии кишвар дар муҳоҷират қарор доранд.

Кумитаи умури дини Тоҷикистон маълумоти интишоргардида пас аз барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010-ро, ки мувофиқи он дар Тоҷикистон беш аз 7 млн. ба сар бурда, беш аз 95%-ашон мусалмонанд, пешниҳод кардааст, вале танҳо то ба 6 ҳазор квота расонидани шумори зоирин аз Тоҷикистон муваффақ шудааст.

Дар робита ба арзиши маросими адои ҳаҷ барои тоҷикистониён дар соли равон алҳол маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. «Барои муайян кардани нархи адои маросими ҳаҷ барои зойирини тоҷик дар соли равон намояндагони кумитаро лозим меояд, ки боз як бори дигар ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд», – гуфтанд дар кумита.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта барои маросими адои ҳаҷ ба Тоҷикистон 5,5 ҳазор квота ҷудо гардида, маблағи он дар маҷмӯъ 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ҳамасола бинобар сабаби нокофӣ будани шумораи квотаҳо, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон аз адоми маросими ҳаҷ ба Хонаи Худо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ, барои адои маросими ҳаҷ шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран аз квотаҳои кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Русияву Қазоқистон истифода менамоянд. Мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ дар робита ба ин масъала изҳор кардаанд, ки соли гузашта аз квотаҳои кишварҳои дигар беш аз 600 нафар зойирини тоҷик истифода кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.