Роҳи Душанбе-Хоруғ боз баста шуд

Бинобар сабаби сангфароӣ шаби гузашта дар километри 439-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл ба кормандони воҳидҳои истифодабарии роҳ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки роҳҳои автомобилгард миёни шаҳрҳои Хоруғ, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва Душанберо аз барфрезаҳо […]

Аваз Юлдошев


Бинобар сабаби сангфароӣ шаби гузашта дар километри 439-уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, ҳаракати нақлиёт тавассути ин роҳ қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар доданд, чанде қабл ба кормандони воҳидҳои истифодабарии роҳ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки роҳҳои автомобилгард миёни шаҳрҳои Хоруғ, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва Душанберо аз барфрезаҳо тоза намоянд. Ҳамин тариқ, пас аз таваққуфи шашрӯза ҳаракати нақлиёт ба маркази маъмурии Бадахшон барқарор шуда буд, вале офати табиӣ боз ба ин монеъ шуд.

Имрӯз дар макони сангфаро корҳои таркишӣ гузаронида мешаванд. Аз Вазорати нақлиёт итминон доданд, ки то шоми мрӯз ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ барқарор хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёт миёни Душанбе ва вилояти Суғд пурра барқарор гардид, вале то ҳанӯз дар ағбаҳо хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.