Пешниҳоди таъсиси Форуми ҳамкории кишварҳои чоргона аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон

Бегоҳии рӯзи 25-уми март шаҳри Душанбе макони баргузории нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид. Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқот таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар он масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, густариши робитаҳои […]

ASIA-Plus


Бегоҳии рӯзи 25-уми март шаҳри Душанбе макони баргузории нахустин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқот таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар он масоили ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои сиёсат, ҳамгироиҳои муштараки амниятӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фановарӣ ва ғайра баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ишора ба болоравии нақши чаҳор кишвар дар минтақа, ҷаҳони ислом ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани равобити судманди чорҷонибаи миёни онҳоро амри зарурӣ номид.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Покистон бояд барои бунёди шабакаи муосири интиқоли барқ, газ, оби нӯшокӣ ва роҳҳои оҳану мошингард ҷаҳду талоши фаъол дошта бошанд.

Бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва интиқоли нерӯи арзони барқ ба кишварҳои ба он ниёздори минтақа дорои суди беандоза маънидод гардид.

 Ба сатҳи нав баровардани корҳо барои имконсанҷӣ ва бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон ва пайвастани он бо шабакаҳои марбутаи Эрону Покистон низ зарур шумурда шуд.

Сарони давлатҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмонро доир ба таъсиси Форуми ҳамкории иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишварҳои чоргона дастгирӣ намуда, ба ташкил ва густариши робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.