Тафсилоти ҳодисаи боздошти ҷинояткори хафвнок дар Душанбе

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз тафсилоти ҳодисаи боздошти як ҷинояткори хафвнок дар автовокзали шаҳри Душанбе маълумот дод. Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, дарвоқеъ ҳам дар автовокзали пойтахт амалиёти вижаи боздошти ҷинояткори хафвнок, роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, сокини ноҳияи Ваҳдат Худойназар Одинаеви 44-сола доир гардид, ки аз соли 1995 ба гумони даст доштан дар содир намудани […]

Наргис Ҳамробоева


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз тафсилоти ҳодисаи боздошти як ҷинояткори хафвнок дар автовокзали шаҳри Душанбе маълумот дод.

Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, дарвоқеъ ҳам дар автовокзали пойтахт амалиёти вижаи боздошти ҷинояткори хафвнок, роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, сокини ноҳияи Ваҳдат Худойназар Одинаеви 44-сола доир гардид, ки аз соли 1995 ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноёти ғоратгарӣ, авбошӣ, куштор ва бандитизм таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошт.

«Одинаев талаби таслим шудан аз ҷониби кормандони милисаро сарфи назар карда, аз кисааш норинҷак баровард. Бо назардошти ҷойи серодам будани автовокзал ва пешгирии талафоти ҷонии имконпазир, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба сӯйи ӯ тир кушоданд. Норинҷак дар паҳлӯи ӯ афтода, инфиҷор рух дод», – гуфтанд дар ВКД,

Ба иттилои манбаъ, бар асари инфиҷор Одинаев ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, чанде баъдтар ба ҳалокат расидааст. Ҳеҷ яке аз кормандони милиса ва шаҳрвандон осеб надиданд.

Зикр гардид, ки пас аз боздошти 5 нафар аъзои гурӯҳи Одинаев пайгирии ӯ муяссар шудааст. Тахмин меравад, ки яке аз ҷиноятҳои ахирро гурӯҳи мазкур моҳи марти соли равон дар назди корхонаи истеҳсоли арматураи пойтахт содир намудааст, ки дар он шаҳрвандони Чин мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифта буданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.