Оғози кори конфронси байнулмилалӣ оид ба Афғонистон дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми байнулмилалии минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба кор шуруъ мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷаласаи кории конфронс бо сухани шодбошӣ сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас сарони кишварҳои Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар шаҳри Душанбе конфронси панҷуми байнулмилалии минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба кор шуруъ мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, ба ҷаласаи кории конфронс бо сухани шодбошӣ сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз бахшида, сипас сарони кишварҳои Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ суханронӣ мекунанд.

Конфронс муддати ду рӯз идома ёфта, дар ҷараёни кори ҷаласаи он вохӯриҳои гурӯҳҳои корӣ низ доир мегарданд. Дар конфронс масоили мусоидат ба рушди иқтисоди Афғонистон тавассути ташаккули зербинои он (нақлиёт ва энергетика), рушди захираву имконоти инсонӣ тавассути мусоидат ба рушди маориф ва омодагии касбии кадрҳо, муваффақ гардидан ба пешбурди сармоягузорӣ, савдо ва беҳбуди идораи марзҳо ба воситаи таҳким ва ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ миёни мақомоти миллӣ ва шарикони байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар кори конфронс ҳайатҳои 40 кишвари ҷаҳон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 33 созмонҳои байнулмилаливу минтақавӣ иштирок мекунанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи баргузории конфронс аз 26 то 29-уми март дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Афғонистон – имконоти ҳамкории иқтисодии минтақавӣ» Ҳамоиши тиҷоратӣ ва намоишгоҳ баргузор мегардад. Дар Ҳамоиши тиҷоратӣ баррасии масоили истифодаи пурсамари имконоти мавҷуда дар рушди ҳамкории иқтисодии минтақавӣ, тавсеаи савдои минтақавӣ, табодули афкор миёни занон ва ҷавонони соҳибкор оид ба ноил гардидан ба комёбӣ дар соҳибкориву тиҷорат дар назар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.