Таҷлили ҷашни Наврӯз дар сафорати Тоҷикистон дар Австрия

Чанде қабл Сафорати ҶТ дар Австрия ва муассисаи фарҳангӣ-дипломатии «Society»-и Австрия бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар яке аз толорҳои ш. Вена ҳамоиши муштаракро бо иштироки ходимони сиёсӣ-ҷамъиятии кишвари будубош, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бархе аз диаспорҳои Австрия, аз он ҷумла тоҷикон барпо карданд. Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар ибтидои маъракаи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Сафорати ҶТ дар Австрия ва муассисаи фарҳангӣ-дипломатии «Society»-и Австрия бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар яке аз толорҳои ш. Вена ҳамоиши муштаракро бо иштироки ходимони сиёсӣ-ҷамъиятии кишвари будубош, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва бархе аз диаспорҳои Австрия, аз он ҷумла тоҷикон барпо карданд.

Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Австрия хабар доданд, дар ибтидои маъракаи ҷашнӣ раҳбари муассисаи номбурда Гертруд Тухҳаммер меҳмонон ва ширкаткунандагони чорабиниро хайрамақдам гуфт ва онҳоро ба таври мухтасар бо иди Наврӯз ва анъанаҳои ҷашнгирии он шинос кард. Сафири Тоҷикистон дар Австрия зимни суханронӣ ва сӯҳбатҳо бо ҳозирин қайд кард, ки Наврӯзи Аҷам ҳамчун яке аз маросимҳои барҷастаи фарҳангии халқҳои Шарқ таърихи чандинҳазорсола дошта, то кунун аҳамияташро ҳамчуни омили муҳими ҳамдигарфаҳмӣ  миёни халқу миллатҳо ва ҳамкориву созандагӣ  гум накардааст. Бо истифода аз фурсат, ӯ  ҳозиринро бо барномаи ҷашнии Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳои дарпешистода бо иштироки сарони давлатҳо ва меҳмонони хориҷӣ ошно кард.

Дар ҷараёни чорабинӣ суруду оҳангҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон ва ғ. садо доданд ва барои меҳмонон дастурхони идона ороста шуд.

Хотирасон менамоем, ки соли 2010 бо ибтикори Намояндагии Тоҷикистон, дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойджон 21 март ҳамчун санаи расмии САҲА ва рӯзи таътил эълон гардида буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.