Ташрифи сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ба Душанбе

Нимаи дуюми имрӯз сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ҷиҳати иштирок дар ҷашни байнулмилалии «Наврӯз-2012» ва конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои зикршуда бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ҷиҳати иштирок дар ҷашни байнулмилалии «Наврӯз-2012» ва конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ба шаҳри Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, имрӯз гуфтушуниди як ба яки сарони кишварҳои зикршуда бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.

Рӯзи якшанбе, 25-уми март, сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Эрон – Маҳмуди Аҳмадинажод, Афғонистон – Ҳомид Карзай ва Покистон – Осиф Алӣ Зардорӣ дар кори конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Наврӯз-2012» ва дигар чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн ширкат меварзанд.

Нимаи дуюми рӯзи 25-уми март вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон ба нақша гирифта шуда, баъдтар президенти Покистон низ ба онҳо ҳамроҳ хоҳад шуд.

Рӯзи 26-уми март меҳмонони воломақом дар кори конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) ва ҳамчунин ҳамоиши тиҷоратӣ дар чаҳорчӯби ин конфронс иштирок мекунанд.

Худи ҳамин рӯз сарони кишварҳои Эрону Афғонистон ва Покистон ба ватан бармегарданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, имрӯз аз ташрифи намояндаи махсуси Дабири кулли СММ дар Афғонистон Ян Кубиш, Дабири кулли САҲА Ламберто Зайнер, муовини нахуствазири Озарбойҷон Элчин Илёс-Оғлу Эфендиев, вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Қирғизистон Каликбек Султонов ва намояндагони кишварҳои дигар ба Душанбе низ интизорӣ меравад. Ҳамчунин пагоҳ, 25-уми март, намояндаи махсуси нахуствазири Ҳиндустон оид ба Афғонистон Сатиндер Кумар Ламба ва муовини нахуствазири Туркманистон Боймурод Хоҷамуҳаммедов ба Душанбе меоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.