Тармафароиҳо дар манотиқи куҳистон бар асари якбора гармшавии обуҳаво

Date:


Бар асари якбора гарм шудани обуҳаво дар манотиқи куҳистони ҷумҳурӣ ҳодисаҳои зиёди тармафароӣ ба мушоҳида расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ҳама бештар тарма ба рустои Вранги ноҳияи Ишкошими Бадахшон зарар расонидааст. Ин ҷо дар таърихи 25-уми март бар асари фаромадани тарма ду манзили зисти сокинон пурра ва шаш хона қисман хароб шудаанд. Офат ҳамчунин ба мактаби деҳа низ хисороти назаррас ворид сохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тармафароиҳо рӯзи 26-уми март дар чанде аз қисматҳои роҳи автомобилгарди Хоруғ-Мурғоб дар қаламрави ноҳияи Шуғнон, айни замон ҳаракати нақлиёт тавссути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб ғайриимкон шудааст.

Худи ҳамон рӯз тарма роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол (километри 239-240)-ро бастааст, аммо шоми ҳамон рӯз роҳ аз барфреза тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардидааст.

«Феълан дар ағбаҳо ва роҳҳои мошингарди манотиқи куҳистони кишвар хатари тармафароӣ вуҷуд дорад ва мо аз ронандагон боисрор талаб мекунем, ки муваққатан аз сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ намоянд», – гуфтанд дар КҲФ ва МГ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...