Мусодираи беш аз 13 кило ҳашиш дар ноҳияи Панҷ

Дар минтақаи ҷануби кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини маҳаллӣ боздошт мегардад. «Ҳангоми азназаргузаронии автомобил аз зери курсии […]

Наргис Ҳамробоева


Дар минтақаи ҷануби кишвар кормандони милиса миқдори зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде қабл зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ба гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи тамғаи ВАЗ-21099 таҳти идораи сокини маҳаллӣ боздошт мегардад.

«Ҳангоми азназаргузаронии автомобил аз зери курсии ронанда як бастаи селлофанӣ пайдо гардида, аз дохили он ҳудуди 2,5 кило маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни азназаргузаронии минбаъдаи манзили зисти ин шаҳрванд аз он ҷо боз ҳудуди 11 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардидааст.

Зикр гардид, ки вазни умумии маводи мухаддири мусодирашуда 13,3 килоро ташкил дода, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?