Тармафароиҳо дар манотиқи куҳистон бар асари якбора гармшавии обуҳаво

Бар асари якбора гарм шудани обуҳаво дар манотиқи куҳистони ҷумҳурӣ ҳодисаҳои зиёди тармафароӣ ба мушоҳида расиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ҳама бештар тарма ба рустои Вранги ноҳияи Ишкошими Бадахшон зарар расонидааст. Ин ҷо дар таърихи 25-уми март бар асари фаромадани тарма ду […]

Наргис Ҳамробоева


Бар асари якбора гарм шудани обуҳаво дар манотиқи куҳистони ҷумҳурӣ ҳодисаҳои зиёди тармафароӣ ба мушоҳида расиданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ҳама бештар тарма ба рустои Вранги ноҳияи Ишкошими Бадахшон зарар расонидааст. Ин ҷо дар таърихи 25-уми март бар асари фаромадани тарма ду манзили зисти сокинон пурра ва шаш хона қисман хароб шудаанд. Офат ҳамчунин ба мактаби деҳа низ хисороти назаррас ворид сохтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тармафароиҳо рӯзи 26-уми март дар чанде аз қисматҳои роҳи автомобилгарди Хоруғ-Мурғоб дар қаламрави ноҳияи Шуғнон, айни замон ҳаракати нақлиёт тавссути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб ғайриимкон шудааст.

Худи ҳамон рӯз тарма роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол (километри 239-240)-ро бастааст, аммо шоми ҳамон рӯз роҳ аз барфреза тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардидааст.

«Феълан дар ағбаҳо ва роҳҳои мошингарди манотиқи куҳистони кишвар хатари тармафароӣ вуҷуд дорад ва мо аз ронандагон боисрор талаб мекунем, ки муваққатан аз сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ намоянд», – гуфтанд дар КҲФ ва МГ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.