Раиси шаҳри Кӯлоб ба мавсими киштукори пунбадона ҳусни оғоз бахшид

Имрӯз дар кооперативи «Роҳбар Қосимов»-и ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов шахсан ба киштукори пунбадона дар мавсими соли равон ҳусни оғоз бахшид. Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов хабар дод, имрӯз дар кооперативи зикршуда ва ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Зебо Гадоева» ва «Давлат Назаров» дар маҷмуъ […]

Турко Дикаев


Имрӯз дар кооперативи «Роҳбар Қосимов»-и ноҳияи Кӯлоби вилояти Хатлон раиси шаҳри Кӯлоб Абдуғаффор Раҳмонов шахсан ба киштукори пунбадона дар мавсими соли равон ҳусни оғоз бахшид.

Чуноне ба ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Файзалӣ Қурбонов хабар дод, имрӯз дар кооперативи зикршуда ва ҳамчунин хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Зебо Гадоева» ва «Давлат Назаров» дар маҷмуъ ба 15 гектар пунбадона кишт мешавад.

Ба гуфтаи ӯ, соли равон дар ноҳия кишти пунбадона дар майдони 4 ҳазор гектар пешбинӣ шуда, аммо дар сурати идомаи тамоили поин рафтани қимати нахи пахта дар биржаҳои савдои байнулмилалӣ, кам гардидани майдони кишти он низ аз эҳтимол дур нест.

Номбурда афзуд, бинобар сабаби якбора поин рафтани қимати нахи пахта, то ҳанӯз даҳҳо хоҷагиҳои ноҳия садҳо тонна нахи пахтаи ҳосили мавсими соли 2011-ро фурӯхта наметавонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.