Оғози интиқоли мунтазами барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ

Date:


Шуруъ аз 1-уми апрел минтақаҳои ҷумҳурӣ мунтазам бо барқ таъмин карда мешаванд. Аммо дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор карданд, ки дар бораи бекор шудани лимити истифодаи барқ ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст.

Ба қавли намояндаи ШСХК «Барқи тоҷик», интиқоли мунтазами барқ ба минтақаҳо бинобар сабаби зиёд шудани маҷрои об дар обанбори Норак, ки айни замон ҳудуди 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, муяссар шудааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар робита ба сардшавии обуҳаво дар болооби дарёи Вахш дар даҳаи аввали моҳи апрел боз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои кӯтоҳмуддат ба истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест.

Лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ҷорӣ гардида буд. Лимит ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар дахл надошт.

То оғози фасли баҳор ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат барқ дода мешуд, аммо аввали моҳи март бо сабаби сардиҳо лимит шадидтар гардида, аксари манотиқи кишвар дар як шабонарӯз танҳо бо ду соат нерӯи барқ таъмин карда мешуданд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...