Оғози интиқоли мунтазами барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ

Шуруъ аз 1-уми апрел минтақаҳои ҷумҳурӣ мунтазам бо барқ таъмин карда мешаванд. Аммо дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор карданд, ки дар бораи бекор шудани лимити истифодаи барқ ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст. Ба қавли намояндаи ШСХК «Барқи тоҷик», интиқоли мунтазами барқ ба минтақаҳо бинобар сабаби зиёд шудани маҷрои об дар обанбори Норак, ки айни замон […]

Аваз Юлдошев


Шуруъ аз 1-уми апрел минтақаҳои ҷумҳурӣ мунтазам бо барқ таъмин карда мешаванд. Аммо дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳор карданд, ки дар бораи бекор шудани лимити истифодаи барқ ҳанӯз ҳарф задан барвақт аст.

Ба қавли намояндаи ШСХК «Барқи тоҷик», интиқоли мунтазами барқ ба минтақаҳо бинобар сабаби зиёд шудани маҷрои об дар обанбори Норак, ки айни замон ҳудуди 500 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад, муяссар шудааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар робита ба сардшавии обуҳаво дар болооби дарёи Вахш дар даҳаи аввали моҳи апрел боз ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои кӯтоҳмуддат ба истифодаи барқ аз эҳтимол дур нест.

Лимити истифодаи барқ дар Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ҷорӣ гардида буд. Лимит ба пойтахт ва шаҳрҳои бузурги кишвар дахл надошт.

То оғози фасли баҳор ба минтақаҳои кишвар дар як шабонарӯз аз 6 то 10 соат барқ дода мешуд, аммо аввали моҳи март бо сабаби сардиҳо лимит шадидтар гардида, аксари манотиқи кишвар дар як шабонарӯз танҳо бо ду соат нерӯи барқ таъмин карда мешуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.