Оғози ҷаласаи мақомоти зиддимухаддироти кишварҳои СҲШ

Имрӯз дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой сеюмин ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кори худ оғоз намуд. Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ин ҷаласа роҳбарони идораҳои мубориза бо маводи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Пекин, пойтахти Ҷумҳурии Халқии Хитой сеюмин ҷаласаи роҳбарони мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Созмони ҳамкориҳои Шанхай оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба кори худ оғоз намуд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷараёни ин ҷаласа роҳбарони идораҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узв масъалаҳои вобаста ба ташкили бахшҳои зиддимухаддиротӣ дар базаи Котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳамчунин натиҷаҳои татбиқи Созишнома миёни кишварҳои иштирокчии СҲШ оид ба ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

Нишасти мазкур тибқи Созишномаи ҳамкориҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, модаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, ки 17 июни соли 2004 дар шаҳри Тошканд ба имзо расида буд, инчунин Стратегияи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2011-2016 ва Барномаи татбиқи он, ки 15 июни соли 2011 дар шаҳри Остона тасдиқ шуда буд, доир мегардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева намояндагӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.