Вохӯрии раиси ҲНИТ бо намояндагони диаспораҳои тоҷик дар Туркия

Чанде қабл дар минтақаи Фотеҳ воқеъ дар шаҳри Истамбули Туркия, мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиситон ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ бо донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар тоҷикистониёни муқими Туркия баргузор гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, тӯли мулоқоти дусоата бо беш аз 60 нафар намояндагони диаспораҳои тоҷик М.Кабирӣ ба […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар минтақаи Фотеҳ воқеъ дар шаҳри Истамбули Туркия, мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикиситон ва вакили Маҷлиси намояндагон Муҳиддин Кабирӣ бо донишҷуён, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар тоҷикистониёни муқими Туркия баргузор гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз қароргоҳи ҲНИТ хабар доданд, тӯли мулоқоти дусоата бо беш аз 60 нафар намояндагони диаспораҳои тоҷик М.Кабирӣ ба саволҳои сершумор оид ба вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар, вазъи ҷомеаи Тоҷикистон ва қонунҳои аз ҷониби парлумон қабулшуда посух гуфт.

«Аксари саволҳо ба мушкилоти донишҷӯён ва тоҷирони тоҷик дар Туркия дахл доштанд ва М.Кабирӣ ба ҳозирин итминон дод, ки ҳамчун вакили парлумон дар ҳалли мусбати ин мушкилот саҳм хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.

Раиси ҲНИТ дар роҳи сафар ба Швейтсария аз Истамбул боздид намуд. Дар он ҷо ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ бахшида ба рушди муносибатҳои кишварҳои Аврупо бо ҳизбҳои исломии ҷаҳон ширкат хоҳад варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.