Вакилони маҷлиси пойтахт масоили омодагӣ ба зимистони соли 2013-ро баррасӣ мекунанд

Date:


 Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нӯҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 12-уми апрели соли равон доир мегардад.

Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» баррасӣ мешавад.

« Ҳамчунин ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. «Дар бораи рафти татбиқи  Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №2 Наҷмиддинов М.С. оид ба иҷрои ваколатҳои худ», – шунида хоҳанд шуд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи нӯҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...