Вакилони маҷлиси пойтахт масоили омодагӣ ба зимистони соли 2013-ро баррасӣ мекунанд

 Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нӯҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 12-уми апрели соли равон доир мегардад. Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони […]

ASIA-Plus


 Мутобиқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, иҷлосияи нӯҳуми   Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати  чорум 12-уми апрели соли равон доир мегардад.

Тавре сухангӯйи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. «Оид ба натиҷаи фаъолияти сохторҳои муҳандисии ҳаётан муҳими шаҳри Душанбе дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2011-2012 ва вазифаҳои таъхирнопазири Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе  ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013» баррасӣ мешавад.

« Ҳамчунин ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе Мансуров Ҷ.М. «Дар бораи рафти татбиқи  Барномаи комплексии рушд ва ҷалби сармояҳо дар истеҳсолоти саноатии шаҳри Душанбе барои солҳои 2011-2015 ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  аз ҳавзаи интихоботии №2 Наҷмиддинов М.С. оид ба иҷрои ваколатҳои худ», – шунида хоҳанд шуд», – гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба омода намудани масъалаҳои иҷлосияи нӯҳуми  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати чорум гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.