Кормандони Хадамоти муҳоҷират ба омӯзиши забони хитойӣ оғоз мекунанд

Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии Сардори хадамот Сафиалло Девонаев бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Дин Сзянвэй доир гардид. Тавре аз мМаркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, зимни мулоқот, Консули Ҷумҳурии Халқии Хитой Дин Цзянвэй ба ҳамкориҳои дӯстона ва муносибатҳои ҳасанаи ҳарду кишвар ёдовар шуда,миннатдории хешро аз ҳамкориҳои хубу самараноки Сафорати Ҷумҳурии […]

ASIA-Plus


Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии Сардори хадамот Сафиалло Девонаев бо Консули Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Дин Сзянвэй доир гардид.

Тавре аз мМаркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, зимни мулоқот, Консули Ҷумҳурии Халқии Хитой Дин Цзянвэй ба ҳамкориҳои дӯстона ва муносибатҳои ҳасанаи ҳарду кишвар ёдовар шуда,миннатдории хешро аз ҳамкориҳои хубу самараноки Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин бо Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт.

Ӯ ҳамчунин, ҳангоми вохӯрӣ баён намуд, ки соҳибкорони чинӣ бинобар надонистани тарзи ҳуҷчатгузорӣ ва қоидаҳои будубош дар Тоҷикистон, бо мушкилот мувоҷеҳ мегарданд.

Аз ҷониби худ, Сардори Хадамоти муҳоҷират меҳмононро хайра мақдам гуфта аз вазъи кунунии муҳоҷират ба хусус муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Чумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, фаъолияти онҳоро хуб арзёбӣ намуд.

Аз ҷумла, қайд намуд, ки саҳми муҳоҷирони меҳнатии Хитой дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ба хусус, дар сохтани нақбҳо, сохтмони иншоотҳои бузург, биноҳои замонавӣ ва таҷдиду таъмири роҳҳои кишвар назаррас аст.

Консули Ҷумҳурии Халқии Хитой дар идомаи мулоқот, омодагии хешро баҳри расонидани кӯмаки техникӣ ва омӯзонидани кормандони Хадамоти муҳоҷират бо забони хитойӣ иброз дошт. Қарор шуд, ки моҳи май омӯзиши курси забони хитойӣ дар Хадамоти муҳоҷират оғоз гардад.

Бо ташаббуси Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар ва шиносоии тоҷирон ва соҳибкорони чинӣ бо конуну қоидаҳои буду бош, инчунин, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ дар Тоҷикистон – Форуми соҳибкорони Хитой ва Тоҷикистон дар моҳи майи соли ҷорӣ, баргузор хоҳад гашт.

Дар хотима, ҷонибҳо омодагии хешро баҳри ҳамкории минбаъда баён доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.