Шумори ҳалокшудагони сӯхтори Маскав ба 17 нафар расид

Date:


Тибқи маълумоти ахир, шумори ҳалокшудагон

дар сӯхтори бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав

ба 17 нафар расид. Ин шумор баъди азназаргузаронии маҳалли ҳодиса муайян шуд.

Айни замон ҷасадҳо ба мурдахонаи Ҳавзаи автономии ҷанубии шаҳри Маскав фиристода мешаванд. Шахсияти ҳалокшудагон муайян нашудааст. Шояд барои ин ташхиси генетикӣ гузаронида шавад, зеро аксари ҷасадҳо сахт сӯхта, шинохтанашавандаанд.

Расонаҳои хабарии Русия менависанд, ҳамаи нафарони ҳалокшуда шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар ин бозор кор мекарданд.

Дар намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия изҳор карданд, ки фавтидагон «шаҳрвандони ИДМ» мебошанд, вале тасдиқ накарданд, онҳо шаҳрванди тоҷиканд.

Гуфта мешавад, сӯхтор бар асари носозии яке аз таҷҳизоти гармкунанда сар задаст.

Бино ба маълумоти Сарраёсати КҲФ Русия дар шаҳри Маскав, бинои анбор ба ҶДММ «Старт» тааллуқ дошта, онро ҶДММ «Алфа-СЭТ» ба иҷора гирифтааст.

Аз рӯйи далели сар задани сӯхтор ва ҳалокати одамон мутобиқи моддаи 219-и КҶ Русия («Риоя накардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор») парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...