Ширкати ҷопонӣ саноати тамокупарварии Тоҷикистонро эҳё карданист

Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова аз Қазоқистон боздид намуда, бо фаъолияти намояндагии ширкати ҷопонии Japan Tobacco International (JTI) шинос шуд. Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, сигаретҳои «Winston», «Mild seven», «Sobranie», «Camel», «Glamour» тамғаҳои асосии бренди ширкати мазкур аст. Зикр гардид, ки ширкати мазкур ба рушди бахши […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова аз Қазоқистон боздид намуда, бо фаъолияти намояндагии ширкати ҷопонии Japan Tobacco International (JTI) шинос шуд.

Тавре аз маркази матбуоти ПСС ҶТ хабар доданд, сигаретҳои «Winston», «Mild seven», «Sobranie», «Camel», «Glamour» тамғаҳои асосии бренди ширкати мазкур аст. Зикр гардид, ки ширкати мазкур ба рушди бахши тамокупарварии Тоҷикистон сармоягузорӣ карданист.

Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, айни замон бахши истеҳсоли маснӯоти тамоку дар Тоҷикистон тамоили пастравӣ дошта, майли ширкати ҷопонӣ ба сармоягузорӣ дар ин самт метавонад соҳаро эҳё ва тамғаи тамокуи тоҷикро барқарор намояд.

Дар мулоқоти Л.Кислякова бо мақомоти раҳбарии ширкат масоили муҳими марбут ба вазъи бозори истеҳсоли тамоку дар Тоҷикистон ва дар он ҷой доштани маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ба хулоса расиданд, ки бо мақомоти андоз, «Тоҷикстандарт» ва дигар идораҳои марбут баргузор кардани як қатор корҳо зарур аст, то ки соҳибкорони машғул ба фурӯши тамоку аз фарқ кардани маснӯоти қочоқ ва қалбакӣ ва ҷазои пешбинишуда барои он огаҳ карда шаванд.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар хусуси ояндаи наздик ба Тоҷикистон ташриф овардани мақомоти раҳбарии ширкати Japan Tobacco International (JTI) ба мувофиқа расиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.