Боздошти раиси яке аз ҷамоатҳои Исфара ба гумони ришваситонӣ

Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия- Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, раиси хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»-и ҷамоати Навгилем, сокини 34-солаи ҳамин ҷамоат Абдурашид Ашӯрбоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин […]

Мавлуда Рафиева


Раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар қаллобӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия- Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, раиси хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»-и ҷамоати Навгилем, сокини 34-солаи ҳамин ҷамоат Абдурашид Ашӯрбоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ аз сокини маҳаллӣ барои ҷудо кардани қитъаи замин ришва талаб кардааст.

«Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии сокини маҳаллӣ З.И. даромада, ба ӯ ваъда кардааст, ки аз заминҳои мавҷуда дар хоҷагӣ ба вай замин ҷудо мекунад ва ба ивази ин аз сокини маҳаллӣ 2 ҳазору 900 сомонӣ ва 30 ҳазор рублӣ русӣ маблағ гирифтааст», – гуфтанд дар раёсат.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 2 апрел дар прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба ин амали А.Ашӯрбоев мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати зиддифасоди вилояти Суғд, соли 2011 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 108 далели қаллобӣ (соли 2010 – 45 далел) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.