Журналистони тоҷикро бо усул ва асосҳои лизинг шинос мекунанд

Дар ҷараёни маҳфили матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти унвони «Рушди лизинг дар Тоҷикистон» аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) созмон дода мешавад, журналистони тоҷикро бо усул ва асосҳои лизинг ҳамчун воситаи молиявӣ барои рушди иқтисод ва ҷалби сармоя шинос мекунанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар ҷараёни маҳфили матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, ки таҳти унвони «Рушди лизинг дар Тоҷикистон» аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) созмон дода мешавад, журналистони тоҷикро бо усул ва асосҳои лизинг ҳамчун воситаи молиявӣ барои рушди иқтисод ва ҷалби сармоя шинос мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии доимии IFC хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин тағйирот дар қонунгузорӣ, ки ба рушди бахши лизинг дар ҷумҳурӣ нигаронида шудаанд, низ муаррифӣ мешаванд.

Дар барномаи маҳфил ҳамчунин муаррифии усул ва асосҳои лизинг ҳамчун воситаи молиявӣ баҳри сармоягузорӣ ба рушди истеҳсоли молу хизматгузорӣ баргузор гардида, ҳамчунин мушкилоти мавҷудаи монеи рушди лизинг дар Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

Ғайр аз ин, атрофи тағйирот дар қонунгузории кишвар, ки ба беҳбуди андозбандии лизинг барои рушди минбаъдаи бахши мазкур ва ҷалби сармоя равона гардидаанд, низ табодули афкор сурат хоҳад гирифт.

Дар IFC афзуданд, чорабинӣ баҳри омодасозии журналистон ба инъикоси асоснок ва муфассали масоили рушди лизинг дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.