Кумаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 3,6 млн. $

Имрӯз ба Душанбе миқдори аввали кумаки башардӯстонаи Русия ворид мегардад. Маблағи умумии ёрӣ 106,3 млн. рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳавопаймои ИЛ-76-и КҲФ ФР имрӯз соати 15:30 дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд. Тавассути ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра оварда мешавад, ки вазни умумиаш 37,8 тонна […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз ба Душанбе миқдори аввали кумаки башардӯстонаи Русия ворид мегардад. Маблағи умумии ёрӣ 106,3 млн. рубли русиро ташкил медиҳад.

Ҳавопаймои ИЛ-76-и КҲФ ФР имрӯз соати 15:30 дар майдони ҳавоии Душанбе фуруд меояд. Тавассути ин ҳавопаймо ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гармкунанда, нерӯгоҳҳои барқии сайёр, хаймаҳо, зарфи металлӣ ва ғайра оварда мешавад, ки вазни умумиаш 37,8 тонна мебошад.

Тавре сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Ориф Нозимов хабар дод, хавопаймои дуюм бо ёрии башардӯстона пагоҳ ва ҳавопаймои сеюм рӯзи 5-уми апрел ба Тоҷикистон ворид мегардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 30-юми март суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва нахуствазири Русия Владимир Путин баргузор шуда, дар он вазъи мушкили Тоҷикистон бар асари сардиҳои шадиди зимистон баррасӣ шуд. Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон аз Русия кумаки башардӯстонаи таъҷилӣ дархост кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.