Ҳалокшудагон дар сӯхтори Маскав тоҷикон будаанд

Шахсони ҳалокшуда дар бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав зодагони Тоҷикистон будаанд, – хабар медиҳад Интерфакс бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Тибқи маълумоти пешакӣ ва пурсиши намояндагони бозор муайян шудааст, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар бозор кор мекардаанд. Субҳи имрӯз бар асари сӯхтори сарзада дар ангари бозори масолеҳи сохтмони қисмати ҷануби […]

ASIA-Plus


Шахсони ҳалокшуда дар бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Маскав зодагони Тоҷикистон будаанд, – хабар медиҳад Интерфакс бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

Тибқи маълумоти пешакӣ ва пурсиши намояндагони бозор муайян шудааст, ки ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон буда, дар бозор кор мекардаанд.

Субҳи имрӯз бар асари сӯхтори сарзада дар ангари бозори масолеҳи сохтмони қисмати ҷануби шаҳри Маскав 12 нафар ба ҳалокат расиданд. Айни замон ҳуҷҷатҳои онҳо мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

Рӯзномаи ВЗГЛЯД менависад, муҳоҷирони корӣ дар дар бинои вагонмонанди оҳанӣ зиндагӣ карда, роҳи мустақими баромад ба кӯчаро надоштаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.