Вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷират бо раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани «Пайванд»

Чанде қабл вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Исомуддинов Салоҳиддин доир гардид. Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот, Сардори Хадамоти муҳоҷират нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират маълумоти муфассал дода, аз вазъи кунунии муҳоҷират ва ояндаи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Девонаев С.А. бо Раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон Исомуддинов Салоҳиддин доир гардид.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират хабар доданд, зимни мулоқот, Сардори Хадамоти муҳоҷират нахуст дар бораи самтҳои асосии фаъолияти Хадамоти муҳоҷират маълумоти муфассал дода, аз вазъи кунунии муҳоҷират ва ояндаи ин раванд дар ҷаҳон сухан ронда, раванди муҳоҷиратро ҳамчун падидаи ҷаҳонӣ барои давлатҳо ва миллатҳо арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин илова намуд, ки «Бо истифода аз таҷрибаи бархе аз кишварҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, мо шоҳиди дастовардҳои рӯзафзун ва бузург дар соҳаи технологияи пешрафта ва сохтмони иншоотҳои замонавӣ ва муосир бо ҷалби сармояҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзии онҳо ҳастем».

Аз ин рӯ, дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ҳамкориҳоро бо тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ ва диаспораҳо, инчунин бо ҷамъияту созмонҳое,ки дар хориҷи кишвар машғули кору фаъолият мебошанд, дар якҷоягӣ бо Анҷумани пайванд ба роҳ монем.

Ин пешниҳод аз тарафи Раиси Анҷумани пайванд Исомуддинов Салоҳиддин пазируфта шуда, иброз дошт, ки « Мо ҷонибдори ин иќдоми нек ва андешаи созанда мебошем».

Раиси Анҷумани пайванд Салоҳиддин Исомуддинов дар идомаи мулоқот, омодагии хешро ҷиҳати ҳамкориҳо босамар байни Хадамоти муҳоҷират ва Анҷумани пайванд иброз дошт.

Қарор шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар моҳҳои оянда ба имзо расад.

Дар хотима, ҷонибҳо омодагии хешро баҳри ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.