Зери тарма мондани 13 автомашина дар ағба

Date:


Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ 13 автомашинаи боркаш зери тарма монд. Тибқи маълумоти пешакӣ, як нафар ҳалок гардида, ду нафар бедарак шудаанд ва боз як нафари дигар ба бемористон мунтақил шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА-и ВКД Тоҷикистон хабар доданд, ин ҳодиса дар километри 79-уми роҳ ба вуқуъ пайваста, аввал як тарма роҳро банд мекунад ва чанде аз ронандагону мусофирон аз мошинҳо берун мешаванд. «Ин дам ногаҳон боз як тармаи баландиаш 25-30 метр ва дарозиаш ҳудуди 50 метр мефарояд», – гуфт дар суҳбати телефонӣ яке аз шоҳидони ҳодиса.

Ба гуфтаи ӯ, як машина тамоман корношоям, дигарӣ қисман зарар дида, мошинҳои боқимонда чандон осеб надидаанд.

Номбурда гуфт, дар макони ҳодиса корҳои наҷотдиҳиву ҷустуҷӯйӣ ва тозакунии роҳ ҷараён доранд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...