Дарахтони ба амнияти шаҳрвандон таҳдиддоштаи Душанбе бурида мешаванд

Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ доир гашт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, қабл аз ҳама, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини шаҳрдорӣ, фаъолони пойтахт ва аҳли ҷамоатчигии шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар баргузории чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ доир гашт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, қабл аз ҳама, дар ҷаласа Маҳмадсаид Убайдуллоев масъулини шаҳрдорӣ, фаъолони пойтахт ва аҳли ҷамоатчигии шаҳрро барои саҳми арзандаашон дар баргузории чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба таҷлили сазовори ҷашни байналмилалии Наврўз -2012 сидқан сипосмандӣ намуда, даъват ба миён овард, ки бо тавсеаи фаъолияташон баҳри татбиқи барномаҳои шаҳрдорӣ оид ба ободонӣ ҳиссагузорияшонро вусъат бахшанд.

Сипас, бо дахли масоили хоҷагидории шаҳр ва бо хулоса аз натиҷаҳои зимистонгузаронӣ ва бо назардошти боришоти барфи зиёд дар мавсим, инчунин эҳтимолияти боронҳои баҳорӣ баҳри омодагиҳо ба рафъи оқибатҳои селойӣ ва дигар пайомадҳои табиӣ дастур фармуд, ки ситодҳои дахлдори ҳолатҳои фавқуллода, ки фаъолияти шабонарўзӣ доранд дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ зери масъулияти роҳбарони аввали муассисаву идораҳо фаъолияти пурсамари худро бо ҷалб намудани техникаҳои лозима ва ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута тавсеа бахшанд.

Дар робита ба ин таваҷҷўҳи раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони дигар субъектҳои масъули соҳавӣ ба ҳолати тозагӣ ва коршоямии каналу селпартоҳои марзгузари шаҳр нигаронида шуда, дастур гардид, ки дар ин самт баҳри пешгирӣ аз оқибатҳои номатлуби селборишҳо фаъолияташонро пурзўр намоянд.

Ҳамзамон ба масъулини шаҳрдорӣ супориш дод, ки барои харидории техникаҳои хурди коммуналии ба тозакунии пиёдароҳравҳо таъинотдошта бо анҷоми пажўҳиши  дақиқ унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол созанд.

Инчунин вобаста ба тақвияти фаъолият нисбати вазъи санитарию экологии шаҳр ва маъракаи ниҳолшинонӣ Кумитаи ҳифзи табиати шаҳри Душанберо муваззаф намуд, ки муоина ва инвентаризатсияи дарахтони дар ҳамшафати хиёбону кўчаҳои шаҳр мавҷудбударо то 1 майи соли 2012 ба анҷом расонида, тибқи тартиби муқарраргардида аз байн бурдани дарахтони ноустувор ва ба амнияти шаҳрвандон таҳдиддоштаро таъмин созад.

Ҳамзамон дар ҷаласа масоили ғановати бозори истеъмолии шаҳр, захира ва пешниҳоди маҳсулот баҳри таъмини рақобат ва коҳиш додани нарх аз ҳисоби бозорҳои коммуналӣ, иҷрои босифати нақшаи ҷамъоварии андоз, дарёфти манбаҳои иловагии андозбандӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ аз тарафи ташкилоту идораҳои аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузоришаванда, вусъати корҳо оид ба таъмири роҳҳои бар асари сардиҳои зимистон харобгардида, истифодаи ҳадафмандонаи заминҳои обии дар тавозуни муассисаҳои ниҳолу гулпарварии шаҳр қарордошта, вусъати амалисозии барномаҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ баҳри дастгирии категорияҳои ниёзманд ва тақвияту қадргардонии фаъолияти эҳсонкорӣ дар асоси қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳр ва дастгирии соҳибкорӣ мавриди таваҷҷўҳи хосаи шаҳрдор қарор гирифтанд.                           

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.