Таҷрибаомӯзии як гурӯҳ кормандони АНМН дар Русия

Date:


Як гурӯҳ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми курси омӯзишӣ дар Донишгоҳи Шимолу ғарбии Хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Федератсияи Русия ба Душанбе баргаштанд.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи АНМН хабар доданд, дар ин курс кормандони Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон низ иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, дар курси омӯзишӣ мавзӯъҳои дорои аҳамияти муштарак, аз ҷумла, баррасии қонунгузории ФР дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, муқоисаи қонуни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии Федератсияи Русия бо қонунҳои ҳамсон дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Санк-Петербург, шиносоӣ бо сохторҳои  ХФНМН Русия, психологияи фаъолияти опеативӣ-ҷустуҷӯӣ, қайдҳои оперативӣ-иттилоотӣ, системаи байналмилалии назорати воситаҳои нашъадор, шеваҳои омодасозии навъҳои ҷудогонаи мухаддирот, криминалистика, истифодаи сагҳои хизматӣ дар чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайра мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар анҷоми курс бо ширкати  кормандони Донишкада, Хадамоти федералии гумрук, ХФНМН Федератсияи Русия, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Ҷумҳурии Қирғизистон дар мавзӯъи “Таҳвили назоратшавандаи байналмилалӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.

Маврид ба ёдоварист, ки дар асоси Протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Маркази байналмилалии пешгирии ҷинояткорӣ, Барномаи ХАС/197 Шӯрои Русия-НАТО оид ба омӯзонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва Покистон дар самти мубориза бо мумомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз соли 2006 то имрӯз 341 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дониши касбии худро такмил доданд. Аз ҷумлаи кормандони Агентӣ  зиёда аз 80 нафар дар курсҳои такмили ихтисоси Федератсияи Русия ва Туркия иштирок намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...