Таъсиси посгоҳи назорати нақлиётӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Date:


Ҳукумати Қирғизистон ҷиҳати пешгирии вуруди ғайриқонунии маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон, дар гузаргоҳи марзии «Қарамиқ»-и вилояти Ош посгоҳи назорати нақлиётӣ таъсис медиҳад.

ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба иттилои сомонаи ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳанд, ки қарори дахлдорро дар ин хусус нахуствазири кишвар Омурбек Бабанов ба имзо расонидааст.

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон бинобар сабаби зиёд шудани ҳолатҳои аз ҷониби боррасонони Чин риоя нашудани муқаррароти Созишномаи байниҳукуматии Қирғизистону Чин дар бораи робитаи байнулмилалии нақлиётӣ пешниҳод гардидааст.

Дар созишномаи мазкур муайян карда шудааст, ки воситаҳои нақлиёт ҳамлу нақли колоро бояд тавассути гузаргоҳи «Иркештам» ва қатъиян мувофиқи хатсайри иҷозатшуда, яъне бо хатсайри «Иркештам-Саритош-Ош» анҷом диҳанд. Аммо нақлиёти борбари Чин тариқи гузаргоҳи «Иркештам» ба қаламрави Қирғизистон ворид гардида, аз гузаргоҳи Қарамиқ мустақиман ба Тоҷикистон раҳсипор мегарданд.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади ҳифзи манфиатҳои сохторҳои нақлиёти борбари ватанӣ, ки ҳамлу нақли байнулмилалии маҳсулотро анҷом медиҳанд ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши хориҷӣ қабул шудааст.

Мутобиқи қарор, дар гузаргоҳи нақлиётии Қарамиқ, воқеъ дар канори деҳаи Қарамиқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ош посгоҳи назорати воситаҳои нақлиёти хориҷии  ба қаламрави Қирғизистон воридшаванда ба фаъолият оғоз мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...