Таъсиси посгоҳи назорати нақлиётӣ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Ҳукумати Қирғизистон ҷиҳати пешгирии вуруди ғайриқонунии маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон, дар гузаргоҳи марзии «Қарамиқ»-и вилояти Ош посгоҳи назорати нақлиётӣ таъсис медиҳад. ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба иттилои сомонаи ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳанд, ки қарори дахлдорро дар ин хусус нахуствазири кишвар Омурбек Бабанов ба имзо расонидааст. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон […]

ASIA-Plus


Ҳукумати Қирғизистон ҷиҳати пешгирии вуруди ғайриқонунии маҳсулоти Чин ба Тоҷикистон, дар гузаргоҳи марзии «Қарамиқ»-и вилояти Ош посгоҳи назорати нақлиётӣ таъсис медиҳад.

ВАО-и Қирғизистон бо истинод ба иттилои сомонаи ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳанд, ки қарори дахлдорро дар ин хусус нахуствазири кишвар Омурбек Бабанов ба имзо расонидааст.

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби Вазорати нақлиёт ва мухобироти Қирғизистон бинобар сабаби зиёд шудани ҳолатҳои аз ҷониби боррасонони Чин риоя нашудани муқаррароти Созишномаи байниҳукуматии Қирғизистону Чин дар бораи робитаи байнулмилалии нақлиётӣ пешниҳод гардидааст.

Дар созишномаи мазкур муайян карда шудааст, ки воситаҳои нақлиёт ҳамлу нақли колоро бояд тавассути гузаргоҳи «Иркештам» ва қатъиян мувофиқи хатсайри иҷозатшуда, яъне бо хатсайри «Иркештам-Саритош-Ош» анҷом диҳанд. Аммо нақлиёти борбари Чин тариқи гузаргоҳи «Иркештам» ба қаламрави Қирғизистон ворид гардида, аз гузаргоҳи Қарамиқ мустақиман ба Тоҷикистон раҳсипор мегарданд.

Гуфта мешавад, қарори мазкур бо мақсади ҳифзи манфиатҳои сохторҳои нақлиёти борбари ватанӣ, ки ҳамлу нақли байнулмилалии маҳсулотро анҷом медиҳанд ва танзими фаъолияти воситаҳои нақлиёти боркаши хориҷӣ қабул шудааст.

Мутобиқи қарор, дар гузаргоҳи нақлиётии Қарамиқ, воқеъ дар канори деҳаи Қарамиқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ош посгоҳи назорати воситаҳои нақлиёти хориҷии  ба қаламрави Қирғизистон воридшаванда ба фаъолият оғоз мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.