Санҷиши фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ҷиҳати истифодаи сарфакоронаи барқ

Ҳафтаи сипаришуда бо супориши Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба вилоятҳои Хатлону, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш. Душанбе дар […]

ASIA-Plus


Ҳафтаи сипаришуда бо супориши Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Гул Шералӣ аз ҳисоби кормандони Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, ба вилоятҳои Хатлону, Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ш. Душанбе дар маҷмӯъ 14 гурӯҳи корӣ сафарбар карда шуда, дар шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои кориро намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамроҳӣ намуданд. Дар як қисми минтақаҳо, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии вилоятиву шаҳрӣ бо соҳибмулкон ва роҳбарони корхонаҳо ҷаласаҳои корӣ доир карда шуд.

Мақсади сафар аз боздид ба амал овардан аз корхонаҳои истеҳсолӣ, новобоста аз шакли моликият ҷиҳати истифодаи самаранок аз нерӯи барқ, ташкили фаъолияти корхонаҳо дар ду-се баст иборат буда, айни замон бинобар фароҳам омадани имконияти таъмини тамоми ҷумҳурӣ бо нерӯи барқ, ҷиҳати истифода намудани самараноки корхонаҳо аз нерӯи барқ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Вобаста ба ин аз ҷониби Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайгирии мунтазам ва доимии масъалаҳои зикргардида, ҳамчунин таҳлилу баррасӣ, пешниҳоди ҳисоботҳо ва андешидани тадбирҳо аз тарафи масъулони соҳаҳои вазорат, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, таъкид карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон ҳамасола дар мавсими тобистон ба мушкилоти фурӯши нерӯи барқи зиёдатӣ мувоҷеҳ мегардад, ки тибқи баъзе маълумот он то 2 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.

Айни замон Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон дар ҳаҷми начандон назаррас метавонад нерӯи барқро содирот намояд. Соли гузашта ба Афғонистон дар як шабонарӯз то 20 Мвт барқ интиқол мегардид. Соли равон афзудани ин ҳаҷм то 80 МВт дар як шабонарӯз ба нақша гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.