Мизи гирд оид ба афзун кардани сатҳи огоҳии ҳуқуқии соҳибкорон

Имрӯз дар толори конфронсии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» мизи гирд доир мегардад. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар толори конфронсии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ  ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» мизи гирд доир мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумита хабар доданд, чорабинии мазкур аз ҷониби  Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ маблағгузорӣ шуда, аз тариқи СҶ «Рушди деҳот» ва аъзои шабакаи Марказҳои кӯмаки ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

 «Суҳбати мизи мудаввар дар мавзӯи «Шарикӣ: таҷриба ва дурнамои афзун кардани огоҳии ҳуқуқии намояндаҳои соҳибкории хурду миёна» баргузор мегардад», – гуфтанд дар хадамоти матбуот.

Бино ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбати мизи гирд масоили сетарафаи ҳамкорӣ, таҳким ва тавсеаи робита бо мақомоти ҳукуматӣ, созмонҳои байналхалқӣ ва сектори хусусӣ оид ба афзун кардани огоҳии ҳуқуқӣ  баррасӣ мегардад. Ҳамчунин натиҷаи фаъолият ҳангоми амалӣ шудани лоиҳа муаррифӣ карда мешавад.


Маълумот:

Лоиҳаи «Афзун кардани огоҳии намояндаҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ҳукумати маҳаллии вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ оид ба масоили ҳисоботи дохилӣ ва таъминоти иҷтимоӣ» аз моҳи сентябри соли 2011 то моҳи апрели соли 2012 амалӣ гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.