Ваҳдат: Ҳалокати ҷавони 22-сола дар задухӯрди миёни гурӯҳҳо

Date:


Рӯзи 10- уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳи ҷавонон задухӯрд рух дода, дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22-сола, сокини кӯчаи Салимзода бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ба ҳалокат расид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16-сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, Н. Абдулаҳади 20-сола, сокини кӯчаи Бинокорон, Ҳ. Фахриддини 21-сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд.

Зикр гардид, ки иштирокчиён ва нафарони дар  ин муноқиша дастдошта аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯй қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки тахминан як моҳ пештар бар асари муноқишаи толибилмони ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ду нафар хонандагон захмҳои сабуки корд гирифта буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...