Ба ҷарии 40-метра сарозер рафтани автомашинаи ЗИЛ дар Панҷакент

Дар ноҳияи Панҷакент бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашинаи боркаши ЗИЛ як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи ЗИЛ, сокини 22-солаи ҷамоати Хурмии ноҳияи Панҷакент аз мавзеи куҳистон, ки барои ҳаракати нақлиёт пешбинӣ нашудааст, санг мекашонид. Дар натиҷа […]

Мавлуда Рафиева


Дар ноҳияи Панҷакент бар асари ба ҷарӣ сарозер рафтани автомашинаи боркаши ЗИЛ як нафар ҳалок ва се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи автомашинаи ЗИЛ, сокини 22-солаи ҷамоати Хурмии ноҳияи Панҷакент аз мавзеи куҳистон, ки барои ҳаракати нақлиёт пешбинӣ нашудааст, санг мекашонид. Дар натиҷа автомашинаи пур аз санг ба ҷарии 40-метра сарозер рафтааст, ки бар асари он сокини маҳаллӣ – Фурқат Назарови 25-сола ҳалок ва ронандаву боз ду нафар мусофири дигар ҷароҳат бардошта, ба бемористони марказии ноҳия мунтақил шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз дар ноҳияи Конибодом боз як ҳодисаи садамаи нақлиёт рух дода, як нафар ба ҳалокат расидааст. Ронандаи автомашинаи «БМВ», сокини шаҳри Конибодом Озод Эргашеви 28-сола зимни ҳаракат дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд суръати ҳаракати нақлиётро беҳад афзуда, аз уҳдаи идораи он набаромадааст. Дар натиҷа автомашина ба дарахти канори роҳ бархӯрда, Эргашев дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бино ба маълумоти Шуъбаи БДА РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 2 моҳи соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли кишвар 44 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2011 – 51 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи он 24 нафар (соли 2011-34 нафар) ҳалок ва 41 нафар (соли 2011 – 48 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.