Ваҳдат: Ҳалокати ҷавони 22-сола дар задухӯрди миёни гурӯҳҳо

Рӯзи 10- уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳи ҷавонон задухӯрд рух дода, дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22-сола, сокини кӯчаи Салимзода бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ба ҳалокат расид. Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16-сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, […]

ASIA-Plus


Рӯзи 10- уми апрел дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Ваҳдат байни ду гурӯҳи ҷавонон задухӯрд рух дода, дар натиҷа шаҳрванд Ш. Анушервони 22-сола, сокини кӯчаи Салимзода бинобар сабаби ҷароҳатҳои вазнин бардоштан ба ҳалокат расид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, шаҳрвандон Ш. Ҷамшед ва Қ. Идибеги 16-сола, истиқоматкунандагони кӯчаи Салимзода, Н. Абдулаҳади 20-сола, сокини кӯчаи Бинокорон, Ҳ. Фахриддини 21-сола, сокини кӯчаи Рӯдакӣ ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ гирифтанд.

Зикр гардид, ки иштирокчиён ва нафарони дар  ин муноқиша дастдошта аз ҷониби кормандони ШКД-и шаҳри Ваҳдат боздошт гардида, мавриди пурсуҷӯй қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки тахминан як моҳ пештар бар асари муноқишаи толибилмони ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ду нафар хонандагон захмҳои сабуки корд гирифта буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.