СММ ба тоҷикистониён бо маводи ғизоӣ кӯмак мекунад

Date:


Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Милали Муттаҳид ба воридоти маҳсулоти ғизоӣ барои 80 ҳазор нафар мардуми осебпазир дар Тоҷикистон оғоз кард.

Тавре дар иттилоияи созмон зикр мегардад, кӯмаки мазкур бинобар сабаби сардӣ ва муддати дароз давом ёфтани фасли зимистон, ки ба аҳолии Тоҷикистон мушкилоти зиёд пеш овард, пешниҳод карда мешавад.

«Зимистони имсола миллионҳо тоҷикистониён маҷбур буданд, ки барои маводи сӯхт маблағҳои зиёд масраф намоянд ва акнун дар вазъи гарон будани қимати маводи ғизойӣ, аксари мардум ба харидории маҳсулоти озуқаи кофӣ барои рӯзгузаронии оилаи худ қодир нестанд», – мегӯяд директори Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ Алзира Феррейра.

Гуфта мешавад, кӯмак аз маводи ғизойи маҳсулоти витаминдори ғизододашуда – орд, равғани растанӣ, нахӯд ва намаки йоднокшуда барои ду моҳ иборат аст.

Зикр мегардад, кӯмак ба сокинони водии Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон расонида мешавад. Дар минтақаҳои мазкур аксари оилаҳо бар асари боришоти зиёд ва офати табиӣ ҳосил ва чорворо талаф доданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...